Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Русия ба Абхозистон рафт


Сарвазири Русия Владимир Путин ба Абхозистон рафт. Ин нахустин сафари Путин ба Абхозистон баъд аз эътирофи истиқлолияти ин вилояти ҷудоиталаб аз ҷониби Маскав аст. Путин пеш аз вурудаш ба Абхозистон, ба манзури тақвияти иқтидори дифоъии он минтақа ним миллиард доллар ваъда супурд, ки бояд аз ҷумла ба хотири тақвияти марзҳои Абхозистон ва таъмини пойгоҳҳои низомии Русия дар ин қаламрав масраф шавад.
Русия Абхозистону Осетияи ҷанубӣ, ҳарду вилояти ҷудоихоҳи Гурҷистонро билофосила баъд аз ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли гузаштааш бо Гурҷистон ба расмият шинохт.
Вазорати умури хориҷии Гурҷистон сафари Путин ба Абхозистонро “иғво” номида, изҳори эътироз кардааст.
XS
SM
MD
LG