Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси нахустин мавриди таби хунӣ дар Душанбе


Дар Душанбе аввалин мавриди гирифторӣ ба бемории қаттоли таби хунӣ ташхис шудааст. Аъзам Мирзоев, муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, нафари мубтало ҷавоне аз вилояти Хатлон будааст, ки дар яке аз хобгоҳҳои Душанбе иҷора менишаст ва дар бозор тарбуз мефурӯхт.
Феълан ӯ дар шифохонаи амрози сироятии Душанбе таҳти табобат қарор доштааст.
Таби хунӣ чанде пеш дар ноҳияи Турсунзода боиси марги 3 нафар, бо шумули раҳбари бахши амрози сироятии бемористони марказии он ноҳия шуд.
XS
SM
MD
LG