Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон дар Афғонистон аломатҳои мусбат мебинад


Вазорати дифоъи Амрико мегӯяд, дар остонаи интихоботи рӯзи 20 августи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар Афғонистон аломатҳои “ташвиқкунанда”-еро мебинад. Сухангӯи Пентагон Ҷеф Моррелл гуфт, нирӯҳои таҳти фармони НАТО тадобири амниятиро афзоиш додаанд ва мардум акнун дар мавриди ширкат дар раъйгирӣ эҳсоси амнияти бештар мекунанд. Ҷеф Моррелл аз ҷумла ба алакай сабти ном шудани 4 миллион интихобкунанда таъкид кард.
Интихобот дар ҳоле сурат мегирад, ки бо вуҷуди истиқрори тахминан 100 000 сарбози хориҷӣ дар Афғонистон мизони ҳамалоти ҷангиёни толиб алайҳи ҳукумати Ҳомиди Карзай ба сатҳи аз соли 2001 ба ин тараф бесобиқа афзудааст.
XS
SM
MD
LG