Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Гӣ хостори раҳоии Сан Су Чӣ шуд


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ба раҳоии билофосила ва бидуни қайду шарти раҳбари демократҳои Мянмар Аунг Сан Су ЧӢ даъват кард. Ин даъват дар ҳоле садо медиҳад, ки дирӯз хунтаи низомии ҳоким бар ин кишвари Осиёи ҷанубӣ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Сан Су Чиро дар нақзи шароити ҳабси хонагиаш муҷрим шинохт ва замони ҳабси ӯро то 18 моҳи дигар тамдид кард.
Сан Су Чӣ аз 20 соли охир ҳудуди 14 солашро таҳти ҳабси хонагӣ ба сар бурдааст ва акнун бо тамдиди ҳукмаш аз имкони ширкат дар интихоботе, ки мақомоти хунтаи низомӣ баргузориашро дар соли оянда ваъда додааст, маҳрум мешавад.
Дафтари Бан Гӣ Мун ҳукми додгоҳро шадидан маҳкум карда ва ИА гуфтааст, аз тадобири изофии муҷозотӣ алайҳи хунтаи Мянмар кор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG