Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба истирдоди М.Салимзода розӣ нашуд


Тоҷикистон дархости истирдоди шаҳрванди Қирғизистон Муҳаммадӣ Салимзодаро ба Бишкекро радд кард. Муҳаммадӣ Салимзода, афсари собиқи вазорати дифоъи Қирғизистон, дар Тоҷикистон бо ҷурми ҷосусӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст. Душанбе дар посух ба дархости Бишкек гуфтааст, ки аъмоли ҷиноии Салимзода ба сохти қонунии Тоҷикистон таҳдид мекард.” Дафтари матбуоти додситонии кулли Қирғизистон гуфт, “акнун ба ин мавзӯъ нуқта гузошта шуд.”
Муҳаммадӣ Салимзода моҳи августи соли гузашта дар арафаи тӯйи арӯсии духтараш боздошт шуд. Мақомот хабари боздошти ӯро танҳо дар моҳи январ эълон карданд. Дар баҳори имсол ӯ бо ҷурми ҷосусӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG