Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Эрон мегӯянд, 69 нафар кушта шудаанд


Ёвари аршади раҳбари мухолифони Эрон, Мирҳусейни Мӯсавӣ мегӯяд, дар эътирозҳои зидди натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи июни Эрон 69 нафар кушта шудаанд. Ба эътиқоди мухолифон, инитихоботе, ки дар он президент Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълон шуд, бо тақаллуб ҷараён гирифт. Мақомоти расмии Эрон мегӯянд, мумкин аст, дар хушунатҳои пасоинтихоботӣ 30 нафар ба ҳалокат расида бошад. Аммо Алиризо Биҳиштӣ, ёвари Мӯсавӣ, имрӯз гуфт, вай ба порлумони кишвар номгӯйи 69 нафарро супурдааст, ки ҳангоми саркӯби тазоҳурот кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG