Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рогозин имрӯз бо Расмуссен мулоқот мекунад


Намояндаи Русия дар НАТО имрӯз бо дабири кулли ин паймони низомӣ роҳҳои ислоҳи низоми кори Шӯрои Русияву НАТО-ро баҳс хоҳад кард. Дмитрий Рогозин ва Андерс Фог Расмуссен имрӯз дар Брюссел, ба гуфтаи Рогозин, “ду масъалаи аз лиҳози бунёдӣ муҳим”, бо шумули тавсиъаи роҳҳои табодули иттилоот ва рафъи ихтилофоти мавҷударо баҳс мекунанд. Як мояи ин ихтилофот бар сари нирӯҳои русиест, ки дар вилояти ҷудоиталаби Осетияи ҷанубӣ мустақар шудаанд. Равобити НАТО бо Русия дар пайи ҷанги соли гузаштаи Русия бо Гурҷистон ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG