Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як узви ҲИУ дар атрофи Душанбе


Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, зимни як амалиёти боздошт дар рустои Арбоб-Хотун, дар атрофи Душанбе, як узви фаъоли Ҳаракати исломии Узбакистонро ба ҳалокат расондааст. Муҳаммадҷон Нарзиев, намояндаи ин вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Шавкат Юсуфов, сокини 32-солаи ноҳияи Исфара ба маъмурони вазорати умури дохила муқовимат нишон дода, аз оташи ҷавобӣ кушта шуд.
Мақомот мегӯянд, аз ҷои ҳодиса як мусалсали Калашников бо муҳимоти ҷангӣ ва аз таҳхонаи манзиле, ки Шавкат Юсуфов ба сар мебурд, теъдоди зиёди адабиёти ифротӣ кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG