Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонӣ хостори боздошти раҳбарони мухолифин шуд


Як фармондеҳи аршади Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хостори боздошт ва ба додгоҳ кашонидани раҳбари мухолифин Мирҳусайни Мӯсавӣ ва раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммади Хотамӣ шудааст. Хабаргузории расмии ИРНО аз қавли Ёдуллоҳ Ҷавонӣ мегӯяд, ин ду раҳбари ислоҳталабон раҳбари, ба гуфтаи ӯ, “табаддулоти нарм”-е буданд, ки барандохтани ҳокимони рӯҳонии Эронро ба ҳадаф дошт. Ҷавонӣ хостори дар баробари қувваи қазоия ва мақомоти иттилоот эҳзор шудани Мӯсавиву Хотамӣ ва ҳамчунин Маҳдии Каррубӣ, номзади дигари шикастхӯрдаи мухолифин дар интихоботи рӯзи 12 июн шудааст.
XS
SM
MD
LG