Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари марги Байтуллоҳ Меҳсуд ҳанӯз тасдиқ нашудааст


Мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва Покистон хабарҳоеро тафтиш мекунанд, ки тибқи онҳо, гӯё фармондеҳи Толибони покистонӣ, Байтуллоҳ Меҳсуд бар асари зарбаи мушакии Амрико кушта шудааст. Агар ин хабар тасдиқ шавад, як натиҷаи муҳими талошҳои Покистону Амрико хоҳад буд дар роҳи тахриби Толибон ва Ал Қоида дар Покистон. Зарбаи мушакӣ ба хонаи падарзани Меҳсуд дар Вазиристони Ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Покистон, Асар Аббос огоҳ кард, ки хабари ҳалокати Меҳсуд ҳанӯз тасдиқ нашудааст.
XS
SM
MD
LG