Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози шикофтани чоҳи озмоишии газ дар Лучоб


Ширкати "Тетис Петролиум" ба хотири дарёфти газ ба шикофтани аввалин чоҳи амиқи озмоишӣ дар мавзеъи "Комсомол", дар ҳудуди шаҳраки Лучоби наздикии Душанбе шурӯъ кард. Дар расми оғози кор дар ин ҷо сарвазири Тоҷикистон, Оқил Оқилов, ва раиси ширкати "Тетис Петролиум", Дейвид Робсон ширкат доштанд. Робсон гуфт, шикофи озмоишӣ дар давоми ду моҳи оянда ба поён хоҳад расид ва агар натиҷаҳои пажӯҳиш мусбат буданд, шикофтани чоҳи дувум оғоз шуда, то зимистони имсол истихроҷи газ аз ин чоҳ шурӯъ хоҳад шуд. Вай изҳори умедворӣ кард, ки таҳқиқи ин захираҳо дуруст ҷараён гирифтааст ва ин ҷо наздик ба 2 миллиард метри мукааб газ мавҷуд аст. Ҷаноби Робсон гуфт, ин чандон захираи бузург нест, вале барои таъсин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо газ пурра кифоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG