Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Гурҷистонро бо омодагӣ ба ҷанг муттаҳам кард


Дар арафаи аввалин солгарди ҷанги кӯтоҳмуддат миёни Русияву Гурҷистон муовини раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Анатолий Ноговитсин дар шаҳри Маскав гуфт, рӯйдодҳои ахир аз он шаҳодат медиҳанд, ки Гурҷистон ба таҷовузи нав болои Осетияи Ҷанубӣ омодагӣ мегирад. Шаби ҳафтум ба ҳаштуми августи соли гузашта ҷанг миёни ду кишвар оғоз ёфта, панҷ рӯз давом кард. Рӯзи сешанбе Русия гуфт, нерӯҳои ин кишвар, ки дар Осетияи Ҷанубӣ мустақар мебошанд, дар ҳоли омодабош қарор гирифтаанд, зеро ба истилоҳ " иғво" аз тарафи Гурҷистон имконпазир аст. Баъди ҷанги соли гузашта Русия манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф кард.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG