Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМТ фоизи баргаҳои қарзиашро то 8 % пойин овард


Бонки миллии Тоҷикистон ахиран фоизи баргаҳои қарзиашро 1 дарсади дигар коҳиш дода, ба 8 дарсад расонд.
Танҳо дар соли ҷорӣ Бонки миллӣ бори чорум аст, ки фоизи баргаҳои қарзиро пойин мебарад. Дар аввали сол ин нишондод дар Тоҷикистон 13,5 дарсадро ташкил медод.
Коҳиши фоизи баргаҳои вом дар моҳҳои январу апрел мунҷар ба уфти қурби пули сомонӣ дар муқобили асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллару евро шуд ва Бонки миллиро маҷбур кард, ба хотири ҳимоят аз пули миллӣ бахши бузурге аз захираи асъорашро ба бозори арзи бирезад.
Фоизи баргаҳои қарзӣ фоизи вомҳои Бонки миллӣ барои бонкҳои зинаи дуввум буда, бонкҳои тиҷоратӣ дарсади вомҳои баъдии худро бар асоси ҳамин нишондод муқаррар мекунанд.
XS
SM
MD
LG