Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба муҷозоти масъулони интизомии Эрон


Номзади нокоми интихоботи раёсатҷумурии Эрон, Мӯҳсини Ризоӣ даъват кард, кормандони нерӯҳои амниятӣ, ки ба тазоҳуркунандагон ҳамла кардаанд, мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор бигиранд. Хабаргузории "Меҳр" иттилоъ дод, ки раҳбари пешини Сипоҳи посдорони инқилоб ин талаби худро дар номае ба раиси додгустарии Эрон, оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ изҳор доштааст. Вай гуфтааст, онҳое, ки ба хобгоҳҳои донишгоҳӣ ва раҳпаймоёни осоишта дар хиёбонҳо дарафтодаанд, бояд муҷозот шаванд. Бар асари чунин аъмол наздик ба 30 нафар кушта ва қариб 2 000 нафар бо латукӯб боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG