Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воронин такрори нооромиҳоро ғайривоқеӣ мехонад


Дар Молдавия раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ идома дорад. Раисиҷумҳури Молдавия Владимир Воронин баъди раъйдиҳӣ дар қитъаи интихоботӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон имкони такрори нооромиҳои рӯзи 7 апрелро “ғайривоқеӣ” арзёбӣ кард. Дар интихоботи такрорӣ барои мандатҳои парлумон ҳашт ҳизби сиёсӣ талош меварзанд ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, фақат чаҳор ё панҷ ҳизб шонси вуруд ба парлумони навро доранд.
Интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ баъди он таъйин шуд, ки вакилони аҳзоби мухолиф аз созиш бо ҳизби комунист барои таъйини раисиҷумҳури нав дар парлумон сарпечӣ карданд.
Дар ин маъракаи сиёсӣ теъдоди ками нозирони байнулмилалӣ ширкат доранд. Рӯзи сешанбе мақомоти Молдавия аз панҷ нозир аз Русия ва Белорус талаб карданд, ки кишварро тарк намоянд, зеро онҳо дар Комиссиюни марказии интихобот расман номнавис нашудаанд. Мақомоти Молдавия ҳамчунин аз сабти номи расмии 87 нозири созмони байнулмилалии ENEMO сарпечӣ карданд.
XS
SM
MD
LG