Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс нерӯҳои ироқиро ситоиш кард


Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико, рӯзи сешанбе ғайримунтазира вориди Ироқ шуд. Як мақоми баландояи Амрико гуфт, Роберт Гейтс дар ин сафар аз раҳбарони сиёсии сунниву шиъамазҳаб ва курдҳо хоҳад хост, пеш аз ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ то охири соли 2011 ихтилофоти назарҳояшонро рафъ кунанд. Роберт Гейтс гуфт, авзоъи амниятӣ дар Ироқ дар се соли ахир ба таври ҳайратангез беҳбуд ёфтааст. Вай дертар бо Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазир ва Абдулқодир Ҷоссим – вазири дифоъи Ироқ, дидору гуфтӯгу кард. Дар ҷараёни сафари дурӯзааш Роберт Гейтс ҳамчунин ба Курдистони Ироқ сафар хоҳад кард. Вазири дифоъи Амрико пас аз боздидаш ба Исроилу Ӯрдун вориди Ироқ шуд.
XS
SM
MD
LG