Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Эрон ба ёдбуди қурбониён иҷоза надоданд


Мақомоти Эрон пешниҳоди мухолифин барои баргузории маҳфили ёдбуди афроди моҳи гузашта дар бархурд бо полис ба ҳалокатрасидаро рад карданд. Вазорати умури дохилаи Эрон изҳор намуд, ба ягон амали “хилофкорон”, ки “раъйи аксариятро эҳтиром намекунанд”, иҷоза нахоҳад дод.Чанд рӯз пеш довталабони ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Мирҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Карубӣ аз мақомоти кишвар хостори иҷозаи баргузории маҳфили ёдбуд шудаанд. Онҳо изҳор намуданд, ки дар як ҳамоиш фақат пораҳо аз Қуръони Шариф қироат хоҳад шуд.
Ба иттилоъи расмӣ, бар асари нооромиҳо ба думболи эълони натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 12 июн, ки онро мухолифин тақаллубӣ мехонанд, 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башари Эрон мегӯянд, ки теъдоди қурбониёни ин ҳаводис ба карат бештар аст.
XS
SM
MD
LG