Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиф Алӣ Зардорӣ ба Душанбе меояд


Интизор меравад, имрӯз 28 июл Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шавад. Вай зимни боздидаш, бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар, аз ҷумла масъалаи содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Покистон гуфтӯгу хоҳад кард. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дирӯз гуфт, қарор аст дар ҷараёни сафари Осиф Алӣ Зардорӣ се санади ҳамкорӣ ба имзо бирасад. Тоҷикистон ба Покистон ҳамчун ба як бозори хуби фурӯши нерӯи барқ менигарад. Бино ба иттилоъи расмӣ, Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчунин дар нишасти сарони чаҳор кишвар Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон ширкат хоҳад кард, ки рӯзи 29 июл дар Душанбе баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG