Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди ҳузури нозирони ИА дар Гурҷистон


Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба дароз кардани мӯҳлати ҳузури нозирони ин ҷомеа дар Гурҷистон ризоият доданд. 246 нозири Иттиҳоди Аврупо, ки пас аз ҷанги кӯтоҳе байни Русия ва Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 ба саҳнаи даргириҳо фиристода шуданд, боз як соли дигар дар ин ҷо боқӣ хоҳанд монд. Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз Русия ва Гурҷистон даъват карданд, "ҳамаи нерӯҳои ҳарбӣ"-ро ба мавзеъҳои қабл аз ҷанг интиқол диҳанд. Онҳо аз мақомоти ду минтақаи ҷудоихоҳ ва таҳти ҳимояти Русия хостаанд, ба нозирон имкони бемамониати дастрасӣ ба ин минтақаҳоро таъмин намоянд. Дар ҳоли ҳозир, нозирон дар танҳо дар қаламрави Гурҷистонанд ва ба Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ сафар карда наметавонанд.
Вазири умури хориҷии Британия, Дейвид Милибанд гуфт, нозирони Иёлоти Муттаҳида низ ба зудӣ ба ҳайати нозирони Иттиҳоди Аврупо шомил хоҳанд гашт.
XS
SM
MD
LG