Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии Куриёи Шимолӣ аз музокирот


Куриёи Шимолӣ имрӯз гуфт, ба музокироти шашҷониба барнахоҳад гашт, ки ҳадафи ин музокирот мойил кардани Куриёи Шимолӣ ба даст кашидан барномаҳои атомиаш аст. Аммо гуфт ҳукумати ин кишвар, барои навъе аз муколама боз аст. Расонаҳои давлатии Куриёи Шимолӣ баёнияи сухангӯи вазорати умури хориҷаро нашр кардаанд, ки дар он омадааст, “шаклҳои мушаххас ва андӯхташудае ҳаст, ки аз тариқи он метавон ба вазъи ҳозира расидагӣ кард.” Вай доир ба навъи муколама тавзеҳ надодааст. Куриёи Шимолӣ аз музокироти шашҷониба баъд аз он хориҷ шуд, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал он кишварро барои озмоиши як мушаки дурпарвоз дар моҳи апрел маҳкум кард. Куриёи Шимолӣ ҳамчунин моҳи май як силоҳи атомӣ озмоиш намуд.
XS
SM
MD
LG