Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насиҳати Медведев ба паймони НАТО


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ барои ба узвияти худ пазируфтани Гурҷистону ва Украина омода нест. Зимни сӯҳбат дар телевизиони Русия, Дмитрий Медведев гуфт, НАТО ба Гурҷистону мушкилоташ ниёз надорад ва бояд афкори умуми украиниҳоро ба инобат бигирад, ки аксарияташон мухолифи пайвастани ватанашон ба НАТО мебошанд. Вай афзуд, НАТО акнун ба дарки ин масъала рафтааст, ки набояд Гурҷистон ва Украина зӯран ба ин эътилофи низомӣ кашида шаванд. Ҳафтаи гузашта Ҷо Байден – ноиби раиси ҷумҳури Амрико гуфт, кишвараш аз талошҳои Украина ва Гурҷистон барои пайвастан ба НАТО ҳимоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG