Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ боздошти амрикоиҳоро "иштибоҳ" номид


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ боздошти сарбозони амрикоеро, ки се ироқиро ҳадафи тир қарор додаанд, “иштибоҳ” номид. Дар сӯҳбат бо рӯзномаи Washington Post Ал-Моликӣ гуфт, ки амрикоиҳо мавриди ҳамла қарор гирифтанд ва маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ кунад. Ба ин васила, ба гуфтаи нахуствазири Ироқ, онҳо ягон нуктаи созиши ахир дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз шаҳрҳои кишварро вайрон накардаанд.
Рӯзи сешанбеи гузашта низомиёни ИМА дар минтақаи Абу-Ғрайби канори Бағдод мавриди тирборони афроди мусаллаҳ қарор гирифтанд ва оташи ҷавобӣ кушоданд. Дар ин ҳодиса се ироқӣ кушта шуданд ва чаҳор нафари дигар, ба шумули ду кудак, ҷароҳат бардоштанд. Низомиёни ироқӣ баъди расидан ба ҷойи ҳодиса сарбозони амрикоиро боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG