Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои нокоми толибон дар Гардез ва Ҷалолобод


Гурӯҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” барои забти биноҳои маъмурӣ ба шаҳри Гардез, маркази вилояти Пактиё, ҳамла карданд. Дар задухурд чаҳор нафар, аз ҷумла, ду тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Як ҳамлаи дигар дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар марзи Покистон, ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ду маргталаб талоши вуруд ба фурудгоҳи пойгоҳи низомиро карданд ва кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол низомиёни амрикоӣ изҳор намуданд, ки барои раҳоии Боу Бергдал, сарбози ба дасти толибон уфтода аз ҳама чораҳои имконпазир кор мегиранд. Ба ин мавзӯъ ахиран Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико низ дар як нишасти хабарӣ дар Деҳлӣ ишора кард. Ӯ гуфт. "басо таассуфовар ва фоҷиабор аст, ки вақтҳои ахир ин қадар пиёданизомиони баҳрӣ ва сарбозони мо бар асари ҳамлаҳои толибон дар ҷануби Афғонистон кушта мешаванд. Мо аз рабудани сарбози амрикоӣ басо нигаронем ва ҳама чораҳоро мебинем то ки ба раҳоии ӯ муваффақ шавем".
Моҳи равон талафот миёни низомиёни амрикоӣ - бузургтарин аз оғози амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG