Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиктелеком" сафҳояшро тоза мекунад


Муовини вазири мухобироти Тоҷикистон Бег Зуҳуров гуфт, ширкати давлатии “Тоҷиктелеком” суфуфи худро аз кормандони ғайриҳирфаӣ тоза мекунад. Аз тақрибан 4 000 корманди ин ширкат дар ҳоли ҳозир тақрибан 60 дарсадаш хатмкардагони риштаҳои филологиву рӯзноманигорӣ ва иқтисоду ҳуқуқ будаанд. Бег Зуҳуров гуфт, ки “Тоҷиктелеком” мехоҳад аз роҳи поккории суфуфаш афроди муттахассисро ба кор ҷалб карда, дар ним соли оянда маоши моҳонаи кормандони ширкатро то ба 400 доллари амрикоӣ бирасонад.
Бег Зуҳуров, ки қаблан ҳама кормандони ширкати “Тоҷиктелеком”-ро савори велосипед кард, афзудааст, ки худи ӯ ба иллати дарди пой аз велосипед истифода намекунад.
XS
SM
MD
LG