Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҷмал Қассоб ба гуноҳаш иқрор кард


Аҷмал Қассоб, ягона узви зиндамондаи гурӯҳи мусаллаҳе, ки охирҳои моҳи ноябри соли гузашта ба шаҳри Мумбайи Ҳиндустон ҳамла карда буд, ахиран гуноҳи худро ба гардан гирифт. Ӯ имрӯз дар мурофиаи махсуси додгоҳӣ, ки дар маҳбас баргузор шуд, суханронӣ кард. Аз ин пеш Аҷмал Қассоб бештари иттиҳомоти додситониро рад менамуд.
Дар ҳамла ба ду меҳмонсарои бузург, истгоҳи роҳи оҳан, Маркази яҳудиён ва тарабхонаву бемористони Мумбай 165 нафар ба ҳалокат расиданд. Даргирӣ бо ҳамлагарон дар ин шаҳр тақрибан 60 соат идома дошт. 9 тан аз ҳамлагарон кушта ва як тани онҳо – Аҷмал Қассоб боздошт шуда буд. Боздошти Аҷмал Қассоб, узви гурӯҳи ифротгарои “Лашкари Тойиба”, ба Деҳлӣ имкон дод, ки дар ҳамла ба Мумбай мусаллаҳони мустақар дар Покистонро айбдор кунад.
XS
SM
MD
LG