Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Рафсанҷонӣ ба озодкунии эътирозгарон


Раиси ҷумҳурии пешини Эрон Алиакбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба озодкунии садҳо эрониҳои баъди эътирозҳои интихоботӣ боздоштшуда даъват кард. Рафсанҷонӣ, ки намози ҷумъаи донишгоҳи Теҳронро раҳбарӣ мекард, гуфт, ки сокинони зиёди кишвараш ба натиҷаҳои расмии интихоботи моҳи июн шак доранд. Ин интихобот бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид. Даҳҳо ҳазор тарафдорони мухолифин, ки дар ин намози ҷомеъ ширкат карданд, бо шиори "озодӣ" ба ҷонибдории номзади интихоботӣ Мирҳусайни Муссавӣ садо баланд карданд. Баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳуриву эътирозҳои чандинрӯза ин яке аз сернуфузтарин гирдиҳамоиҳои мухолифин дар чанд ҳафтаи ахир будааст.
XS
SM
MD
LG