Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин натиҷагириҳо аз амалиёти "Кӯкнор-2009"


Ожонсии мубориза бо қочоқи маводди мухаддири Тоҷикистон марҳалаи аввали амалиёти саросарии “Кӯкнор-2009”-ро натиҷагирӣ карда, гуфтааст, дар ин марҳала 1 тоннаву 134 маводди мухаддир, аз ҷумла наздики 355 кило ҳероин, 271 кило афюн, 426 кило мухаддироти марбут ба гурӯҳи канабис ва 2 мил силоҳ мусодира шуда, 1 874 807 бех ниҳоли кӯкнор нобуд карда шуд. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли ин ожонсӣ навишт, ки дар марҳалаи аввали амалиёти “Кӯкнор-2009”, ки аз 10 май то 1 июлро фаро мегирад, тақрибан 2500 тан аз маъмурони интизомӣ ва 245 василаи нақлиёт ҷалб шудааст.
Ожонсии мубориза бо маводди мухаддир масирҳои Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Дарвоз-Душанбе, Душанбе-Ҷиргатол, Кӯлоб-Душанбе, Панҷ-Душанбе, Душанбе- Турсунзода ва аз Душанбе ба Айниву Панҷакент ва Хуҷандро аз масирҳои умдаи қочоқи маводди мухаддир унвон карда, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз чунин қочоқ дар ин масирҳо гурӯҳҳои зудамал ва посгоҳҳои назоратӣ гузошта шудаанд.
Душанбе эъзоми нирӯҳои изофӣ ба минтақаи Тавилдараро низ бахше аз амалиёти “Кӯкнор-2009” меномад.
XS
SM
MD
LG