Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави амнияти энержии Аврупо


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз тарси шурӯи дубораи баҳсҳои энержии миёни Украинаву Русия барномаи нави муқобила бо эҳтимоли камбуди гази табииро ифшо кард. Ин тадбири нав барои кӯмак ба давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо барои пешгӯиву ҷилавгирии беҳтар аз ҳама гуна паёмадҳои нохуби мисли ҳолатҳои қатъкунии интиқоли газ аз ҷониби Русия равона шудааст, ки тавассути лӯлаҳои Украина ба Аврупо роҳ меёбад. Барномаи мазкур эҷоди як низоми огоҳкунандаи амнияти газӣ ва меъёрҳои таъмини онро дар назар мегирад. Русия тақрибан чоряки захираҳои гази тибиии Аврупоро содир мекунад ва 80 дар сади он аз роҳи Украина ба хоки Иттиҳодияи Аврупо роҳ меёбад. Охирин моҷарои газии миёни Русияву Украина январи имсол боиси чандин рӯз бегаз мондани манзилу корхонаҳо дар баъзе давлатҳои аврупоӣ шуд.
XS
SM
MD
LG