Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 23 ҷангӣ дар Покистон


Як мақоми ҳукуматӣ гуфт, ки имрӯз дар минтақаи шимолуғарби Покистон 23 ҷангӣ ба ҳалокат расиданд. Сайид Аҳмадҷон, як мақоми баландпояи маҳаллӣ гуфт, ки задухӯрдҳои миёни нирӯҳои рӯ ба ҳукумат ва шӯришиён дар деҳаи Амбари минтақаи Муҳаммад, як маҳалли қабиланишини ноамне дар марз бо Афғонистон рӯй додааст. Оқои Аҳмадҷон гуфт, ки дар ин задухӯрдҳо, ки шоми душанбе сар шуда то субҳи сешанбе идома кардааст, чаҳор узви ин қабила ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG