Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболе дар Ҳилманд шаш касро кушт


Як ҳавопаймои нирӯҳои хориҷӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон сарозер шуд. Сухангӯи НАТО гуфт, ки дар ин ҳодиса дасти кам шаш нафар, ки ҳама фарди мулкӣ буданд, кушта шуданд. Ҳанӯз иллати сар задани ин ҳодисае дар вулусволии Сангин мушаххас нест. Як сухангӯи Толибон иддао кардааст, ки суқути чархболи навъи "Чинук" кори дасти онҳо мебошад. Шоҳиди айнии ҳодиса гуфт, ки бо чашми худ дидааст, ки чӣ тавр чархболи мазкур пеш аз суқут кардан оташ гирифта баъд ба замин сарозер шудааст.
XS
SM
MD
LG