Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон "як қадам ҳам қафо рафтанӣ нест"


Алиакбари Вилоятӣ, мушовири аршади раҳбари олии Эрон дар масоили байналмилалӣ гуфт, ки ин кишвар дар корҳои таслеҳотии худ ҳатто як қадам қафо намегузорад. Телевизиони давлатии ИРИБ-и Эрон дар сайти интернетиаш мегӯяд, ки дар ин замина оқои Вилоятӣ дирӯз сӯҳбат кардааст. Мушаххас нест, ки оё ин посухи оқои Вилоятӣ ба изҳороти ахири раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ буд, ки дар нишасти G-8-и Итолиё садо дод. Вай гуфт, ки қудратҳои бузург ба Эрон се моҳ фурсат медиҳанд, ки дар баҳси сари барномаи ҳастаиш ба пешравӣ даст ёбад. Ғарб ҳарос дорад, ки Ҷумҳурии Исломӣ дар андешаи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG