Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Медведев ва Обама дар Кремл идома дорад


Дар Кремл музокироти ҳайатҳои Русия ва ИМА таҳти раёсати сарони ин ду кишвар идома дорад. Аз ин пеш Дмитрий Медведев ҳамтои амрикоии худ Барак Обамаро дар Кремл ба ҳузур пазируфта буд. Дар ин мулоқот раисиҷумҳури Русия изҳор намуд, ки “ду кишвар барои қабули тасмимҳои муҳим, аз ҷумла, дар мавриди таҳияи созишномаи нав оид ба маҳдудсозии силоҳи стротегӣ ҳама шонсҳоро доранд”. Сарвари Амрико Барак Обама, дар навбати худ, изҳори умедворӣ намуд, ки гуфтушунидаш бо мақомоти Русия натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Дар поёни музокироти густардаи ҳайатҳои ду кишвар сарони Русия ва Амрико нишасти хабарии муштарак доир мекунанд.
Қарор аст, ки Обама рӯзи сешанбе бо сарвазири Русия Владимир Путин дидору гуфтугӯ кунад. Ҳамчунин мулоқоти Барак Обама бо намояндагони аҳзоби мухолифи ҳукумати Русия дар назар аст.
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, бо як сафари расмӣ имрӯз вориди Маскав шуд.Ҳамроҳ бо ӯ хонумаш Мишел ва ду духтараш низ ба Маскав омадаанд.
XS
SM
MD
LG