Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асорати як сарбози амрикоӣ дар Афғонистон


Ҳайати фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон хабар дод, ки шояд як сарбози кишвар ба дасти афроди мусаллаҳ афтода бошад. Ва аммо низомиёни воломақом аз тафсилоти бештар дар ин бора худдорӣ карданд. Тибқи бархе хабарҳо, низомии амрикоиро дар ҳоле ба асорат бурдаанд, ки ӯ бесилоҳ буд ва берун аз пойгоҳи низомӣ дар шарқи Афғонистон қарор дошт. Масъулияти ин одамрабоиро ҳанӯз касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтаааст. Агар ин хабар тайид шавад, ин нахустин ҳодисаи асорати сарбози амрикоӣ баъд аз оғози амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар соли 2001 хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, амалиёти густардаи нерӯҳои амрикоӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” идома дорад. Дар ин амалиёт низомиёни афғон низ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG