Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши энержии Маскаву Боку


Маскаву Боку бар сари созишномаи нави харидории гази табиии Озарбойҷон аз ҷониби Русия тавофуқ ҳосил карданд. Ин созиш дар ҷараёни боздиди раиси ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев аз Боку ҳосил шуд. Ин санад аз ҷониби Алексей Миллер, раиси ширкати воҳиди "Газпром"-и Русия ва Равнақ Абдуллоев, раиси ширкати энергияи миллии Озарбойҷон ба имзо расид. Гузоришҳо ҳокист, ки созишномаи мазкур "Набукко" - тарҳи интиқоли гази табиӣ аз Осиёи Марказӣ ба Аврупоро, ки аз пуштибонии Иттиҳодияи Аврупо бархурдор аст, ба ҳам хоҳад зад.
XS
SM
MD
LG