Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 шӯришии Толиб дар Покистон кушта шудаанд


Мақомоти Покистон мегӯянд, рӯзи шанбе дар як ҳамлаи нируҳои Покистон ба пойгоҳи машкуки Толибон дар Вазиристони Ҷанубӣ, ки ба эҳтимоли зиёд зери фармондеҳии Бейтуллоҳ Меҳсуд қарор дорад, дастикам 12 нафар шӯришӣ кушта, бештар аз даҳ нафари дигар захмӣ шудаанд. Саид Акбархон-раҳбари як қабилаи маҳаллӣ гуфт, 10 нафар шӯришӣ замоне ба қатл расиданд, ки 2 ҳавопаймои ҷангии давлат ба пойгоҳи шӯришиёни Толибон дар Макин ва дар Ладдҳа ҳамла бурданд. Ду нафари дигар ҳангоми ҳамлаи нируҳои амниятӣ ба паноҳгоҳи тундравҳо дар маҳале бо номи Вано кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG