Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти тахриби тарёк дар Афғонистон қатъ мешавад


Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон мегӯяд, Вошигтон сармоягузорӣ барои анҷоми амалиёти нобудии мазореъи тарёк дар Афғонистонро тадриҷан қатъ мекунад. Ба гуфтаи оқои Ҳолбрук, Амрико сармояҳои ба дастомада аз қатъи ин амалиётро барои кишти навъҳои дигари зироат ва барои ҷилавгирӣ аз истеъмоли маводи мухаддир сарф хоҳад кард. Ҳолбрук ин нуктаро дар маҳале бо номи Тристеи Италия дар мулоқоти вазирони умури хориҷаи кишварҳои Гурӯҳи 8 изҳор дошт. Дар ин мулоқот сиёсати нави ин гурӯҳи кишварҳо роҷеъ ба Афғонистон баррасӣ мешавад. Дар ҳошияи конфронси Италия оқои Ҳолбрук ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфт, тахриби мазореъи тарёк дар Афғонистон ба маънии ба дасти Толибон додани кишоварзони Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG