Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии тарафдорони Карзай


Даҳҳо ҳазор сокинони Афғонистон дар маркази Кобул рӯзи ҷумъа ба нишони пуштибонӣ аз Ҳомиди Карзай дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии 20 август раҳпаймоӣ карданд. Ситоди таблиғотии Карзай тавонист дар варзишгоҳи марказии Кобул ҳудудан 30 ҳазор нафарро ба нишони пуштибонӣ аз номзадии Карзай дар пешорӯи интихобот ҷамъ оварад. Интихоботи раёсатҷумҳурӣ чун марҳилаи хеле муҳим ва имтиҳони ҷиддӣ барои санҷиши эътибори Карзай арзёбӣ мешавад, ки аз пуштибонии Ғарб бархӯрдор аст.
XS
SM
MD
LG