Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодӣ барандаи озмун эълон шуд


Дар арафаи иди касбии хабарнигорони қазоқ Иттиҳодияи рӯзноманигорони ин кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ барои беҳтарин матолибро ҷамъбаст ва гурӯҳи кормандони расонаҳои хабариро барандаи ҷоизаи соли 2009-ум эълон кард. Дар бахши “Беҳтарин матолиб” миёни кормандони расонаҳои хориҷӣ хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Алмаато Насибҷони Амонӣ барои силсилаи гузоришҳо оид ба рушди раванди демократӣ ва вазъи ҳуқуқи башар дар Қазоқистон баранда эълон шуд.
Кормандони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳамкори худро бо ҷоизаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Қазоқистон табрик мегӯянд.
XS
SM
MD
LG