Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё даромад


Тоҷикистон чаҳорумин кишварест, ки ба узвияти Бонки рушди АвруОсиё даромадааст. Дар ин бора сомонаи расмии ин бонк хабар додааст. Тоҷикистон 500 000 доллар ҳақулузвияти худро пардохт ва таҳияи асноди заруриро такмил кардааст. Қабл аз Тоҷикистон Русияву Қазоқистон ва Арманистон тамоми асноди марбутаи худро таҳия ва ба узвияти ин бонк даромада буданд. Бонк мегӯяд, ҳамаи дарҳо бар рӯи кишварҳои дигар боз аст.
XS
SM
MD
LG