Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 3 нафар бар асари сангрезӣ дар ноҳияи Айнӣ


Бино ба иттилои маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бар асари сангрезӣ дар минтақаи ҷамоати Шамтучи ноҳияи Айнӣ як худрави УАЗ бо 7 нафар мусофираш аз баландии 300 метр ба дарёи Зарафшон фурӯ рафтааст. Бар асари ин ҳодиса ронандаи худрав Ҳоҷӣ Шехов ва ду мусофир – Соҳибназар Шехови 28-сола ва Хуршеда Патобоваи 48-сола - ба ҳалокат расидаанд. Чаҳор мусофири дигар, ки ду нафарашон хурдсол будаанд, бо захмҳои мухталиф ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG