Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти BRIC мунҷар ба уфти қурби доллар шуд


Раҳбарони 4 кишвари бузургтарини дар ҳоли рушд – Бразилу Русия ва Ҳинду Чин имрӯз дар Екатеринбург роҳҳои коҳиш додани вобастагии худ ба Амрико ва масоили дигари амниятиву тиҷоратиро баҳс карданд. Раҳбарони ин чоргонаи маъруф бо номи BRIC хостори ислоҳоти ниҳодҳои байналмилалии молӣ, эҷоди як низоми собит ва қобили пешгӯии пулӣ дар ҷаҳон ва тағйироти фарогир дар низоми СММ ба хотири эътои нақши бузургтар ба Ҳинду Бразил шуданд.
Иқтисоди Бразилу Русия ва Ҳинду Чин дар ҳоли ҳозир 15 дарсади иқтидори иқтисодии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Мизбони нишаст - раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, асъори мавҷудаи ҷаҳонӣ, бо шумули доллари Амрико, аз иҷрои масъулияти худ намебароянд ва фурсати ислоҳот дар ин бахш низ фаро расидааст. Ин изҳороти Медведев билофосила боиси 0,9 дарсад пойин рафтани қурби доллар дар муқобили соъир асъори муҳими байналмилалӣ шуд.
XS
SM
MD
LG