Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Мӯсавӣ ба қатъи тазоҳурот


Номзади ноком Мирҳусейни Мӯсавӣ аз тарафдоронаш даъват кард, ки ба хотири ҳифзи ҷони худ даст ба тазоҳуроти нав назананд.

Ҳазорон нафар аз тарафдорони ӯ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари Эрон дар се рӯзи гузашта бо эътироз аз натиҷаҳои интихобот ва бо иттиҳоми хилофкорӣ дар шумориши оро раҳпаймоӣ карданд. Манобеи гуногун гуфтаанд, дар даргириҳое марбут ба ин тазоҳурот 7 нафар кушта ва чандин тан захмӣ гаштаанд.

Cухангӯйи Шӯрои Нигаҳбони Эрон, ниҳоди муқтадири ин кишвар, Аббосалии Кадхудоӣ, гуфт, шӯро омодааст, баргаҳои қуттиҳои раъйро, ки аз тарафи бархе аз номзадҳо зери шубҳа афтодаанд, дар ҳузури намояндагони ин номзадҳо бозшуморӣ кунад. Кадхудоӣ ҳамчунин гуфтааст, мумкин аст дар натиҷаи бозшумориши оро дар ҷамъи раъйҳои бадастовардаи номзадҳо тағйироте ба миён ояд.

Пас аз ин изҳорот, хабаргузории Ройтерз иттилоъ дод, ки номзадҳои ислоҳталаб, Мирҳусейни Мӯсавӣ ва Маҳдии Каррубӣ, ки тибқи натиҷаҳои пешакӣ шикасти сахт дидаанд, гуфтаанд, онҳо на бозшумории "чанд қуттӣ райъ", балки баргузории интихоботи навро мехоҳанд.

Мӯсавӣ овоздиҳиро, ки дар натиҷаи он президенти феълӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод, 62% раъй гирифт ва зарурат даври дувум аз байн рафт, як шӯъбадабозӣ номид ва ба лағви ин натиҷаҳо даъват кард. Каррубӣ натиҷаҳоро "ғайриқонунӣ" унвон кард ва гуфт, вай Аҳмадинажодро ба ҳайси президенти Эрон эътироф намекунад.

Ҳарду номзад ба Шӯрои Нигаҳбон аризаи шикоятӣ фиристоданд.

Изҳороти Шӯрои Нигаҳбон як рӯз пас аз раҳпаймоӣ ва тазоҳуроти пуриздиҳоме садо дод, ки мислашро Теҳрон аз инқилоби соли 1979 ба ин сӯ надида буд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва гузоришҳои матбуот, беш аз 1 миллион нафар аз шаҳрвандон зидди натиҷаҳои интихобот раҳпаймоӣ карданд. Онҳо аз Мӯсавӣ ҳимоят карданд ва Мӯсавӣ низ дар баробари онҳо суханронӣ кард. Тибқи хабарҳо, вай гуфт, омодаи ширкат дар интихоботи нав аст.

Дар се рӯзи тазоҳурот гирдиҳамомадагон истеъфои Аҳмадинажодро аз мақоми президент талаб карданд ва инчунин раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаиро ба интиқод кашиданд.

Дар шаҳрҳои дигари Эрон, монанди Табрез, Шероз, Урумия, Караҷ ва Аҳавоз низ тазоҳурот ба вуқӯъ пайваст.

Дар Машҳаду Исфаҳон одамон ба боми хонаҳои баромадаанд ва бо нидоҳои "Оллоҳу Акбар" аз Мӯсавӣ ҳимоят карда, гуфтаанд, "мо диктатори паканаро намехоҳем!". Чунин рӯйдодҳо аз шимоли Теҳрон ҳам гузориш шудаанд.

Гуфта мешавад, мардуми Караҷ мехостанд, дар раҳпаймоии тарафдорони Мӯсавӣ дар хиёбони Валии Аср ширкат кунанд. Аммо хабари таҷаммӯъи тарафдорони Аҳмадинажод дар ин макон ва хатари даргирӣ бо онҳо нақшаи тазоҳуроти навро ба таъхир гузошт.

Мӯсавӣ дар сомонаи интернетии худ эълон кард, ки ба ин раҳпаймоӣ намеравад ва аз тарафдоронаш нгиз хоҳиш кард, аз нақшаи гирдиҳамоии нав худдорӣ кунанд.

Матбуоти Британия хабар дод, ки дар боми биноҳои атрофи хиёбон тирандозҳои нишонзан нишастаанд ва Мӯсавӣ гуфтааст, ба хотири ҳифзи ҷони тарафдоронаш аз баҳри ин тазоҳурот гузаштааст.

Тарафдорони Мӯсавӣ бар зидди ончӣ онҳо тақаллуби густардаи раъйҳо меноманд, ба майдон рехтаанд. Аз як сӯ ин қадар зуд ҷамъбасту эълон шудани раъйҳо сабаб гаштааст ва аз сӯи дигар натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки Аҳмадинажод Мӯсавиро ҳатто дар зодгоҳи ин номзади озаритабор низ шикаст додааст.

Эътирози онҳо бо фишору таъқиби шадиди ҳукумати Эрон рӯбарӯ гашт, ки ҳатто шабакаи SMS ё номазании телефониро қатъ кард ва чандин сомонаи интернетиро баст.
XS
SM
MD
LG