Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини гурҷӣ эътирозро идома медиҳанд


Дар Тифлис, дар ҷараёни саркӯбсозии намоиши эътирозии мухолифин дар канори бинои вазорати умури дохила, 39 нафар боздошт шуданд. Дар ин бора мақомоти расмӣ хабар доданд ва аҳзоби мухолифро дар дасисабозӣ айбдор намуданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз хабарнигорони ширкатҳои телевизионии мухолиф, ки дар асари парокандасозии тазоҳурот осеб диданд, маъзарат хост. Намояндагони мухолифин мегӯянд, ки кормандони полис тазоҳургаронро мавриди латукӯби шадид қарор доданд.
Бегаҳи дирӯз дар канори бинои парлумон дар маркази Тифлис гирдиҳамоии аҳзоби мухолиф аз сар гирифта шуд. Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ду моҳ боз идома дорад.
XS
SM
MD
LG