Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии тарафдорони Аҳмадинажод дар Теҳрон


Рӯзи якшанбе тарафдорони раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯзии ӯ дар интихоботи рӯзи 12 июнро дар як канораи Теҳрон таҷлил карданд. Тарафдорони номзади дигар Мирҳусайн Мӯсавӣ дар шимоли Теҳрон ҷамъ омаданд.
Аҳмадинажод дар пайи изҳори сипос ба мардум ва тарафдоронаш гуфт, алорағми рақибони мағлубшудааш фикр намекунад, ки интихобот пуртақаллуб бошад.
Мирҳусайни Мӯсавӣ низ рӯзи якшанбе дар изҳороте, ки дар сомонаи интернетиаш нашр кард, гуфт, расман аз Шӯрои Нигаҳбон хостааст, натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июнро лағв кунад. Мӯсавӣ ҳамчунин аз тарафдоронаш даъват кардааст, эътирозҳои қонунии худро дар саросари кишвар ба сурати мусолиматомез ва бидуни ихтилофбарангезӣ идома диҳанд.
Субҳи якшанбе ҳудуди 200 тан аз тарафдорони Мӯсавӣ дар Теҳрон алайҳи нирӯҳои пулис сангандозӣ карданд ва пулис дар ҷавоб аз гази ашковар кор бурдааст.
XS
SM
MD
LG