Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯсавӣ хостори лағви натоиҷи интихобот шуд


Мирҳусайни Мӯсавӣ рӯзи якшанбе дар изҳороте, ки дар сомонаи интернетиаш нашр кард, аз Шӯрои Нигаҳбон хостааст, натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июнро лағв кунад. Мӯсавӣ ҳамчунин аз тарафдоронаш даъват кардааст, эътирозҳои қонунии худро дар саросари кишвар ба сурати мусолиматомез ва бидуни ихтилофбарангезӣ идома диҳанд.
Нирӯҳои пулиси Эрон рӯзи якшанбе низ алайҳи тазоҳургарон дар Теҳрон, аз гази ашковар истифода бурдаанд. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Теҳрон рӯзи шанбе ба дунболи эълони пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12 июн оғоз ёфт ва имрӯз идома кард. Хабаргузории Франс Пресс мегӯяд, ҳудуди 200 тан аз тарафдорони номзади мағлубшуда Мирҳусайн Мӯсавӣ алайҳи нирӯҳои пулис сангандозӣ карданд ва нирӯҳои пулис дар ҷавоб аз гази ашковар истифода бурданд.
Муовини раҳбари пулиси Теҳрон Аҳмадризо Родон гуфт, дар пайи намоишҳои эътирозии рӯзи шанбе ҳудуди 170 нафар боздошт шуданд. Ӯ афзуд, 10 тан аз ин афрод аз ҷумлаи таҳиягарони ошӯбҳои рӯзи шанбе шинохта шуда, ба ҳабс гирифта шуданд, вале бақияро аз боздошт раҳо кардаанд.
XS
SM
MD
LG