Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли рӯҳонии мухолифи Толибон


Дар яке аз ду бомбгузориҳои интиҳорӣ дар Покистон Сарфароз Наимӣ, як рӯҳонии мӯътабар ва мухолифи Толибон кушта шудааст. Пулиси Покистон мегӯяд, бомбгузории маргталаб ба утоқи Сарфароз Наимӣ дар масҷиди шаҳри Лоҳур ворид шуда ва худро мунфаҷир кардааст. Дар ин ҳамла ду нафари дигар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Сарфароз Наимӣ пайваста бомбгузориҳои маргталабонаро танқид карда ва онро ғайриисломӣ мехонд. Бар асари ҳамлаи дуввум ба як масҷиди шаҳри шимолуғарбии Навшаҳра, дасти кам 4 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Фарди маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба девори ин масҷид кӯбидааст.
XS
SM
MD
LG