Имрӯз дар Нию Йорк 20-ӯмин ҷаншвораи филмҳои марбут ба ҳуқуқи башар ба кор оғоз мекунад. Дар ин ҷашнвора барои ҳаводорону коршиносон филмсозони 17 кишвар филмҳои худро овардаанд. Дар маҷмӯъ дар ҷаншвора 32 филм ба намоиш медарояд. Филмҳои "Ситораи афғон", дар бораи як овозхони афғон, филми "Форд транзит"-и коргардони Фаластин дар бораи ронандаи таксӣ ва филми "Дар оташи муқаддаси инқилоб" дар бораи Гарри Каспаров-қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон, ки ҳоло яке аз мухолифони сиёсии Кохи Кремли Русия ба шумор меравад, аз ҷумлаи филмҳои ширкаткунанда дар ҷашнвораи Нию Йорк мебошанд.