Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ҷасадро ба қирғизҳо баргардонд


Марзбонони Узбакистон ҷасади шаҳрванди Қирғизистонро, ки рӯзи якшанбе кушта буданд, ба хешовандонаш баргардонданд. Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ин шаҳрванди Қирғизистон Улуғбек Ёроконов аслан узбактабор аст ва вайро дар наздикии посгоҳи марзии Дустук ё Дӯстӣ 7-ӯми июл марзбонони Узбакистон ҳадафи тир қарор додаанд. Ҷониби Узбакистон мегӯяд, вай ғайриқонунӣ аз марз гузаштааст ва ҳушдори марзбононро нодида гирифтааст.
XS
SM
MD
LG