Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори раиси Ассамблеяи Порлумонии САҲА аз Бишкек


Ҷоао Соареш, раиси Ассамблеяи Порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, вориди Қирғизистон гардид. Тибқи барномаи ин сафар, ки дафтари матбуоти порлумони Қирғизистон пахш кардааст, ҷаноби Соареш аз тарафи Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури ин кишвар, ба ҳузур пазируфта хоҳад шуд. Ҳамчунин дар назар аст, ки Ҷоао Соареш бо Айтбой Тағоев, раиси порлумони Қирғизистон, Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷа ва Дамир Лисовский низ дидору гуфтугӯҳо анҷом медиҳад. Бино ба ин манбаъ раиси Ассамблеяи Порлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ҷараёни ин сафар бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон мулоқотҳои ҷолиб анҷом хоҳад дод. Интизор меравад, ки 11 июн Ҷоао Соареш ба қасди Душанбе пойтахти Қирғизистонро тарк хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG