Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина хостаи "Газпром"-ро иҷро кардааст


Мақомоти Украина гуфтанд, ки пули гази Русияро пардохт кардаанд. Украина то рӯзи сешанбе фурсати дошт, 500 миллион доллари ширкати “Газпром”- ро пардозад, вагарна дар оянда ҳаққи газро бояд пешакӣ пардозад. Як сухангӯи ширкати “Нафтогаз”- и Украина гуфт, пули гази Русия пардохта шудааст, ҳарчанд ин хабарро ширкати “Газпром” таъйид накардааст. Як чунин кашмакаш бар сари ҳаққи газ, моҳи январ сабаби коҳиши интиқоли гази Русия ба бахше аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо шуд.
XS
SM
MD
LG